logo

Панохгохи Мусалмон

Powered by: IB-Isfara soft

App id: tj.panogohimusalmon

Ҳамду ситоиш Худованди ҷаҳониёнро ва дуруду салом бар Паёмбари Худо ки пешвои зикркунандагон аст ва бар хонадони ёрони ӯ бод то рӯзи растохез Аммо баъд Инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи роҳест ки саодату некбахтии худро таъмин кунад Оромиши дил ва итминони хотир бидуни шакку тардид ҷанбаи бузурге аз саодату хушбахтии инсон аст Агар бигӯем ки ҳамаи хушбахтии оромиши дил аст муболаға нест Худованд ёди худро дар Қуръон ҳамчу васила ва сабаби оромиши дил зикр карда фармудааст Огоҳ бошед ки бо ёди Худо дилҳо ором мегиранд Саодату некбахтии инсон ҳамвора дар маърази таҳдидҳо ҳамчу дарду ранҷҳо ва душманони инсӣ ва ҷиннӣ қарор дорад Яке аз васоили умдае ки инсон худро дар баробари ин таҳдидҳо ҳифз мекунад ин паноҳ бурдан ба Худои азза ва ҷалла бо воситаи хондани зикрҳо ва дуоҳоест ки Паёмбар с онро барои вақтҳо ва ҳолатҳои хоссе муайян ва муқаррар намудааст Аз ҳамин ҷиҳат китоби Ҳуснул муслим Паноҳгоҳи мусалмонро ки дар ин бора таълиф ва ба бисёре аз забонҳои дунё тарҷума шудааст ба забони тоҷикӣ низ тарҷумаи онро муносиб донистем Яке аз шартҳои қабули дуо чуноне ки Паёмбар с фармудаанд ҳузури дил аст Ва бидонед ки Худованд дуои касеро ки дилаш ғофил бошад иҷобат намекунад Бояд бигӯям ки бе фаҳмидани маънои зикру дуо чандон ҳузури дил ҳосил намешавад Бинобар ин тамоми зикрҳо ва дуоҳоро бо риояи назму маънои ҷумла ба қадри имкон то ин ки хонанда маънои ҳар зикру дуоро фаҳмад ба забони форсӣ тоҷикӣ тарҷума кардем Дар охир аз худованди бузург барои ҳама касоне ки дар таълифу тарҷума ва нашри ин китоби нафисе ки аз суханони гуҳарбори Паёмбари Худо с ҷамоварӣ шудааст ҳамкорӣ ва кӯмак расониданд подоши хуберо хоҳонам

Панохгохи Мусалмон reviews:

Add Review

Name

Review


Another apps by IB-Isfara soft

Categories